ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Мизи мудаввар дар мавзуъи "Танзим - баракати зиндагӣ"

11 майи соли 2026 дар Донишкада мизи мудаввар таҳти роҳбарии ректори муассиса, муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам дар мавзуи «Танзим – баракати зиндагӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш аъзоёни Раёсат, мудирони кафедраҳо ва дигар масъулини сохторҳои донишкада иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ масъалаҳои марбут ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангии он, инчунин нақши қонун дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ректори муассиса муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки қонуни танзим дар таҳкими фарҳанги миллӣ, пешгирии исрофкорӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим дорад.
Дар фарҷоми мизи мудаввар таъкид гардид, ки риояи талаботи қонуни танзим яке аз омилҳои муҳими таъмини зиндагии шоиста ва рушди маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад.