ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Иштироки Аҳтамзода А.А. дар ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино

Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам дар ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Тарбия аз оила сарчашма мегирад», ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам дар мавзӯи «Арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии оила дар ҷомеа» маърӯза ироа намуда, нақши муҳими оиларо дар ташаккули шахсияти фарзандон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва таъмини суботи ҷомеа таъкид карданд.
Мавсуф дар баромади худ тарбияи дурусти фарзандонро яке аз омилҳои асосии рушди маънавӣ, пойдории иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда, аҳаммияти ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаро дар роҳи тарбияи насли солим ва ватандӯст муҳим донистанд.