ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Озмуни “Донишҷӯи сол - 2026” дар доираи маҳвораи ҷавонон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Дар доираи маҳвораи ҷавонон санаи 12 майи соли 2026 дар Донишкада озмуни “Донишҷӯи сол-2026” миёни донишҷӯёни фаъоли муассиса баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни болаёқат ва фаъол иштирок намуда, донишу малака, сатҳи ҷаҳонбинӣ, маҳорати суханронӣ ва иштироки фаъоли худро дар ҳаёти ҷамъиятии донишкада муаррифӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамон ба сатҳи омодагӣ ва фаъолнокии иштирокчиён баҳои арзанда дода, дар натиҷа як нафар донишҷӯи беҳтарин сазовори унвони “Донишҷӯи сол-2026” дониста шуд.
Баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани ҳисси масъулият, рушди қобилиятҳои эҷодӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.