ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Мусобиқаи футболи хурд дар доираи маҳвораи ҷавонон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Санаи 13 майи соли 2026 дар толори варзишии Донишкада бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд миёни донишҷӯёни факултетҳои муассиса баргузор гардид.
Мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш миёни ҷавонон, таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ доир карда шуд. Дар чорабинӣ 8-даста ширкат варзида, фаъолона иштирок намуда ва рӯҳияи баланди рақобатпазириро нишон доданд.
Зимни ифтитоҳи мусобиқа сардори бахши ҷавонон доир ба аҳамияти варзиш дар тарбияи ҷисмониву маънавии ҷавонон суханронӣ намуда, варзишгаронро ба иштироки фаъолона, эҳтироми якдигар ва риояи қоидаҳои футбол даъват карданд.
Мусобиқа дар фазои дӯстиву ҳамбастагӣ баргузор гардида, дастаҳои ғолиб бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.