ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Дар Донишкада Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши оила дар ташаккули худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа» бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ва истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

15 майи соли 2026 дар Донишкада Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши оила дар ташаккули худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа» бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ва истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур ҳайати Раёсат, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуданд.
Конференсияро ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода А. А. ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳамияти оиларо ҳамчун пояи асосии ҷомеа ва омили муҳими тарбияи маънавию ахлоқӣ арзёбӣ намуд.
Дар идомаи чорабинӣ мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, н.и.ф. Файзуллоев Ғ., дотсенти кафедраи илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ Раҳимова Р., омӯзгори кафедраи илмҳои ҷомеашиносӣ Абдурашидзода А., ва донишҷӯи курси якуми факултети улуми исломӣ Рустамов М., бо маърӯзаҳои илмӣ дар мавзуҳои «Ҷойгоҳи оила дар ҷомеаи муосир», «Оила ва фарҳанги миллӣ», «Оила ва роҳҳои устувор кардани он» ва «Мустаҳкам намудани оилаҳо дар ҷомеаи муосир» баромад намуданд.
Зимни маърӯзаҳо масъалаҳои таҳкими арзишҳои оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи насли наврас, ҳифзи фарҳангу суннатҳои миллӣ ва нақши оила дар рушди устувори ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми Конференсия иштирокчиён вобаста ба аҳамияти оила дар ҷомеаи муосир мубодилаи афкор намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд.