ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Меҳмонони хориҷӣ аз Федератсияи Россия аз Осорхонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит боздид намуданд

Меҳмонони хориҷӣ аз Федератсияи Россия дар ҳамроҳӣ бо намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе аз Осорхонаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит боздид намуданд.
Зимни боздид сардори шуъбаи илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ Ширинов Х.Ч., меҳмононро бо таърихи таъсис ва фаъолияти осорхона, инчунин бо нигораҳои таърихиву фарҳангӣ, дастхатҳо ва китобҳои қадима шинос гардонид. Ба онҳо доир ба мероси гаронбаҳои фарҳангиву динӣ ва нақши донишкада дар рушди илму маърифат маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Меҳмонон аз муҳтавои бойи осорхона ва тарзи нигоҳдории мероси таърихиву маънавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин ташаббусҳоро дар таҳкими робитаҳои фарҳангиву маърифатӣ муҳим арзёбӣ карданд.