ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Дар толори калони Донишкада Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид

Санаи 21 майи соли 2026 дар толори калони Донишкада Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Ваҳдати миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Дар кори Конференсия роҳбарият, меҳмонон, ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд. Чорабиниро Ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рузи ҷавонони Тоҷикистон табрику муборакбод намуд. Зимни суханронии худ нақши ҷавононро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди ҷомеаи муосир муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конференсия сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзишии дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳобзода Сайалӣ, мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзод Маҳкам Ҷумъа, муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х. Қ. ва декани факултети филологияи Шарқ, н.и.ф. Холов А. С. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво суханронӣ намуданд.
Дар баромадҳо масъалаҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва саҳми ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа дар ҳифз ва таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ нақши калидӣ доранд.
Ҳамзамон, донишҷӯён дар васфи Пешвои миллат, Ватан ва ҷавононӣ шеърҳо қироат намуда, фазои чорабиниро боз ҳам рангину хотирмон гардониданд.
Дар фарҷоми Конференсия ба як қатор кормандон ва донишҷӯёни фаъол барои саҳми арзанда гузоштанашон дар корҳои ҷамъиятӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ сипосномаҳо тақдим карда шуданд. Инчунин ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию донишкадавӣ ва мусобиқаҳои варзишии футболи хурд, шашка ва шоҳмот бо ҷом, ифихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин конференсияҳои илмӣ-амалӣ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва фаъол гардидани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ аҳаммияти муҳим дорад.