ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Бахшида ба 23- май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ - тарбиявӣ дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар муқовимат ба савдои одамон” бо иштироки аҳли раёсат, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид

Санаи 20.05.2026 бо ташаббуси қисми тарбия ва кафедраи таърих ва диншиносӣ бахшида ба 23- май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – тарбиявӣ дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар муқовимат ба савдои одамон” бо иштироки аҳли раёсат, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х. Қ., декани факултети филологияи Шарқ Холов А. С., мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ Раҳматова З. вобаста ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстию ахлоқӣ, пешгирии ҷавонон аз амалҳои номатлуби ифротгароӣ ва омӯзиши санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон суҳбат намуданд. Дар чорабинӣ зикр карда шуд, ки сабабҳои асосии савдои одамон аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, ноустувории вазъи оилавӣ, молиявӣ ва осебпазирии иҷтимоии шахс ба шумор меравад.
Савдои одамон ин яке аз поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, ки дар он ҷинояткор аз ҳолати ноилоҷии ҷабрдида истифода бурда, ӯро ба «мол» табдил медиҳад. Гуруҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда ҳадафи нопоки худро амалӣ менамоянд. Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён вобаста ба муқовимат бо савдои одамон баромад намуданд ва аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавононро таъкид карданд. Онҳо зикр намуданд, ки савдои одамон яке аз ҷиноятҳои хатарноки замони муосир буда, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон зарари ҷиддӣ мерасонад.