ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

July 2026
M T W T F S S
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОИРАИ МАҲВОРАИ ҶАВОНОН

20 майи соли 2026 бо ташаббуси кафедраи таърих ва диншиносии Донишкада бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Ҷавонон – нерӯи пешбарандаи ҷомеа» баргузор гардид. Дар чорабинӣ кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада фаъолона иштирок намуданд.
Мизи мудавварро муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ. ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ нақши ҷавононро дар пешрафти ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ муҳим арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки ҷавонон ҳамчун қувваи созанда ва ояндасози давлат дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми арзанда доранд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён оид ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавонон, рушди илму маориф ва саҳми ҷавонон дар ҷомеаи муосир мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, донишҷӯён бо маърӯза ва андешаҳои ҷолиб баромад карда, аҳамияти дастгирии давлатии ҷавононро таъкид намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон ва тарбияи насли фаъолу созанда мусоидат менамояд.