ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

July 2026
M T W T F S S
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Ҷаласаи кории ректори Донишкада бо ҳайати кормандон ва омӯзгорон

29 майи соли 2026 ҷаласаи кории Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа муҳтарам Аҳтамзода А. А. бо ҳайати кормандон ва омӯзгорон баргузор гардид. Ҷаласа дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) ташкил карда шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба мавзуъҳои «Коррупсия дар соҳаи маориф ва роҳҳои пешгирии он», «Шаффофият ва масъулиятнокӣ ҳамчун воситаи мубориза бо коррупсия» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа Ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода А. А. оид ба аҳаммияти тақвияти фарҳанги зиддикоррупсионӣ, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти муассиса ибрози назар намуданд. Ҳамчунин, сардори шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ Ҷомадов Х. ва ҳуқуқшиноси Донишкада Раҷабов Р. вобаста ба роҳҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва татбиқи самараноки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ маърӯза карданд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия вазифаи муҳими ҳар як корманд буда, риояи принсипҳои шаффофият, адолат ва масъулиятнокӣ барои таъмини рушди устувори соҳаи маориф аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.