ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Дастоварди Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия»

29 майи соли 2026 дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор гардид. Озмуни мазкур бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуда, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Моҳвораи ҷавонон» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ, ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва ҷалби фаъоли ҷавонон ба муқовимат бо ин падидаи номатлуб арзёбӣ мегардад.
Дар ҷамъбасти озмун намояндаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сазовори ҷойи сеюм гардид. Ин дастовард бозгӯи сатҳи баланди дониш, маърифат ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии донишҷӯёни Донишкада мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» ҳамчун иқдоми муҳимми тарбиявию маърифатӣ дар таҳкими фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷомеа нақши муассир мегузорад. Озмун аз рӯйи номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои рақамӣ)» баргузор гардида, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом, сипоснома, мукофотпулӣ, ҷоизаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Чунин ташаббусҳо барои ташаккули ҷаҳонбинии ҳуқуқии ҷавонон, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа аҳамияти махсус доранд.