ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Шанбегии дастаҷамъонаи Донишкада

Имрӯз 30. 05. 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар робита ба эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар Донишкада шанбигии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ободонӣ роҳбарият, кормандон ва омӯзгорони Донишкада фаъолона иштирок намуда, бехҳои дарахтон ва гулҳоро нарм карда, гирду атрофи муассисаро тозаву озода намуданд