ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

July 2026
M T W T F S S
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Ҷиҳати татбиқи “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар ҶТ барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026 - 2030” семинари илмӣ-методӣ дар мавзуи “Хатари экстремизм ва терроризм ба ҷомеа” баргузор гардид

Санаи 29.05.2026 дар муассиса бо иштироки ректори Донишкада исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит муҳтарам Аҳтамзода А. А. ҷиҳати татбиқи “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026 – 2030” семинари илмӣ-методӣ дар мавзуи “Хатари экстремизм ва терроризм ба ҷомеа” баргузор гардид.
Дар кори семинар аъзои раёсат, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон иштирок намуда, масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, паҳншавии андешаҳои тундгароӣ, хурофотпарастӣ ва дигар зуҳуроти хатарзо миёни ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни баргузории семинар таъкид гардид, ки мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм вазифаи муҳими ҳар як корманди соҳаи маориф ва аҳли ҷомеа буда, татбиқи самараноки стратегия ва нақшаи чорабиниҳо ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои таълимӣ, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва истифодаи усулҳои муосири омӯзиширо тақозо менамояд.
Дар анҷоми семинар ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои пешбинишуда, тақвияти корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб дар муҳити ҷавонон дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.