ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Санаи 2 июни соли 2026 ректори донишкада муҳтарам Аҳтамзода А.А., муовини ректор оид ба тарбия ва сардори бахши ҷавонон дар Форуми шаҳрӣ таҳти унвони «Сиёсати давлатии ҷавонон дар низоми муассисаҳои олии таълимӣ: вазъ, мушкилот ва дурнамо», ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни форум масъалаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи ҷавонон, рушди маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Боиси ифтихор аст, ки барои саҳми арзанда дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, ректори донишкада муҳтарам Аҳтамзода А.А. бо Сипосномаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардид.
Ин қадрдонӣ бозгӯи эътирофи фаъолияти самараноки донишкада дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи насли ҷавон мебошад.