ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

July 2026
M T W T F S S
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Дар толори Донишкада бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён семинари илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода - шоири пайвандгари наслҳо» бахшида ба 35 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Санаи 04.06.2026 дар толори Донишкада бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – шоири пайвандгари наслҳо» бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Семинар бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва фарҳангии Мирзо Турсунзода, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, сулҳпарварӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон доир карда шуд. Дар кори семинар ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода А.А., мудири кафедраи забонҳо н.и.ф. Саидзода В., мудири кафедраи забон ва адабиёти араб Аминов М. ва омӯзгори кафедраи мазкур Шарипов А. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо мавзуҳои «Ватан ва ватандӯстӣ дар осори Мирзо Турсунзода», «Мирзо Турсунзода – қосиди сулҳ» ва «Тарбияи ахлоқии оила аз нигоҳи Мирзо Турсунзода» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, нақши осори шоир дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли ҷавон ва густариши фарҳанги сулҳу дӯстӣ таъкид гардид.
Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеърҳои Мирзо Турсунзода бо маҳорати баланд қироат гардида, фазои маънавию фарҳангии семинарро ғанӣ гардониданд. Қироати шеърҳо аз муҳаббат ва эҳтироми ҷавонон нисбат ба мероси адабии шоири маҳбуб шаҳодат дода, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Дар фарҷоми семинар аҳамияти омӯзиш ва тарғиби осори Мирзо Турсунзода дар тарбияи маънавӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон бори дигар таъкид гардид.