ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва ойинҳои миллӣ» баргузор гардид

Санаи 9 июни соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва ойинҳои миллӣ» баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат А., раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода С. П., директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А. Ғ., намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон М. Н., намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Раҳимов Б. А. ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абуҳанифа Аҳтамзода А. А., раиси Маркази исломии Тоҷикистон Абдулқодирзода С., сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Абдуллоҳ Р., инчунин ходимони дин ва олимону коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории Конференсия масъалаҳои марбут ба “Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таъмини озодии виҷдон ва эътиқод, “Нақши арзишҳои миллӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ”, “Истиқлоли сиёсӣ ва нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи хотираи таърихӣ”, “Бозгашти хоки қаҳрамонон ба Ватан: моҳияти сиёсӣ ва аҳамияти таърихии ин иқдоми Пешвои миллат”, “Дастовардҳои динии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият”, “Нақши қонуни танзим дар пешгирӣ аз хурофотпарастию ифротгароӣ”, “Ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангиву маънавии миллати тоҷик” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун неъмати бузурги таърихӣ барои рушди устувори ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, нақши муҳим дорад.