ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Ҳамоиши илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Қонуни миллӣ - омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Санаи 8 июни соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорон ва кормандон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Қонуни миллӣ – омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода А. А., муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х. Қ., сардори шуъбаи таълим Рамзуллои Ф. ва мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои фалсафа Файзуллоев Ғ. иштирок намуда, доир ба аҳамияти қонунгузории миллӣ, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва омилҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҳамоиши мазкур вобаста ба мавзуъҳои «Ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории миллӣ», «Исроф ва паёмадҳои он дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа» ва «Фарҳанги сарфакорӣ ҳамчун омили рушди иқтисодӣ» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, суханронӣ намуданд.

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Сарлавҳа

Матн