ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Мақоми Сотим Улуғзода дар адабиёти муосири тоҷик»

Санаи 11 июни соли 2026 дар толори Донишкада семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Мақоми Сотим Улуғзода дар адабиёти муосири тоҷик» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар семинар аҳли раёсат, омӯзгорон ва кормандони Донишкада иштирок намуданд. Чорабиниро ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода А.А. ҳусни оғоз бахшида, аз ҷойгоҳ ва саҳми арзишманди Сотим Улуғзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ ёдовар шуд.
Дар идомаи семинар маърӯзаҳои илмӣ дар мавзуҳои «Симои Сотим Улуғзода дар “Чеҳраи мондагор”-и Эмомалӣ Раҳмон», «Сотим Улуғзода нависандаи халқии Тоҷикистон», «Сотим Улуғзода – суфтагари дурри маънӣ» ва «Аҳамияти осори Сотим Улуғзода дар илми таърих» пешниҳод гардида, ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт, фаъолият ва мероси адабӣ-таърихии адиби маъруф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми семинар таъкид гардид, ки осори гаронбаҳои Сотим Улуғзода дар тарбияи маънавӣ, худшиносии миллӣ ва рушди адабиёти тоҷик аҳамияти бузург дошта, омӯзиш ва тарғиби мероси ӯ барои наслҳои ҷавон муҳим мебошад.