ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ омили таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди ҷомеа» бахшида ба 29 -умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 24 июни соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ омили таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди ҷомеа» бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори Конференсия роҳбарият, меҳмонон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуданд. Конференсияро ректори донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро ба муносибати ин ҷашнҳои миллӣ табрику таҳният намуд. Инчунин намояндаи шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусаломзода Мирзошариф, мушовири ректор н.и.ф. Каримов Раҳим, дотсенти кафедраи таърих ва диншиносӣ н.и.т. Шарипов Шомаҳмад ва омӯзгори кафедраи педагогика ва мероси ниёгон н.и.п. Ҳоҷиева Ф. Дар мавзуҳои “Нақши таърихии Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ”, “Фарҳанги сулҳ ва эътибори ҷаҳонии Пешвои миллат”, “Саҳми арзандаи Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа” ва ” Пешвои миллат абармарди майдони сиёсат” маърӯза намуданд.
Дар рафти Конференсия масъалаҳои марбут ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосии суботи сиёсӣ, рушди устувори кишвар ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯён дар васфи Ватан, Ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ шеърҳо қироат намуданд.