ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Иштироки Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа, муҳтарам Аҳтамзода А.А. дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар доираи қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036) "Эмомалӣ Раҳмон - таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ"

Санаи 26 июни соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём» конференсияи илмӣ-назариявӣ дар доираи қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036) “Эмомалӣ Раҳмон – таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли илм, зиёиён, роҳбарони кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулгароӣ, пешгирии низоъҳо ва густариши ҳамдигарфаҳмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа, муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, дар мавзуи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории муосир” бо маърӯза баромад намуда, таъкид кард, ки қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардидааст.
Аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид, пазируфта шудани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти олии сиёсии кишвар далели эътирофи мақому манзалати байналмилалии Тоҷикистон буда, боиси ифтихор ва сарфарозии миллати тоҷик мебошад.