ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

June 2026
M T W T F S S
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» бахшида ба қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи СММ вобаста ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорон ва кормандони донишкада

Санаи 26 июни соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» бахшида ба қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи СММ вобаста ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036)» ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорон ва кормандони донишкада баргузор гардид.
Дар ҳамоиш ректори донишкада муҳтарам Аҳтамзода А. А., муовини ректор оид ба таълим, д.и.т. Қурбонов Б. Р., муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х. Қ. ва сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С. дар мавзуҳои “Аҳаммияти таърихии Қатъномаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда”, “Саҳми Пешвои миллат дар қабули қатъномаҳои байналмилалӣ” ва “Таҳкими фарҳанги сулҳ – кафолати ояндаи босуботи наслҳо” суханронӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ далели эътирофи нақши созандаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ буда, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ваҳдат ва фарҳанги сулҳ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ва таҳкими арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ изҳор намуданд.