ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — МАРОМИ МИЛЛАТ ВА РОҲИ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 26 июни соли 2026, дар КВД «Обу корези Душанбе» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти корхона, муовинон, кормандон ва меҳмони олиқадр — Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар суханрониҳои пурмуҳтаво таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди таърихии халқи тоҷик буда, маҳз бо сиёсати хирадмандона, талошҳои шабонарӯзӣ ва иродаи устувори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, амният ва рушди устувори кишвар таъмин гардид.
Иштирокчиён изҳор доштанд, ки ҳифзи Ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу оромӣ ва хизмати содиқона ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Ваҳдати миллӣ танҳо як ҷашн нест — он рамзи бақои давлат, ифтихори миллат ва чароғи роҳи фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. То даме ки ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳри Ватан дар қалби ҳар як тоҷик зинда аст, Тоҷикистони азиз ҳамеша ободу сарбаланд хоҳад монд!


НАЦИОНАЛЬНОЕ ЕДИНСТВО — ОСНОВА МИРА, СТАБИЛЬНОСТИ И ПРОЦВЕТАНИЯ ТАДЖИКИСТАНА

26 июня 2026 года в ГУП «Душанбеводоканал» состоялось торжественное мероприятие, посвящённое Дню национального единства Республики Таджикистан. В мероприятии приняли участие руководство предприятия, заместители директора, сотрудники предприятия, а также почётный гость — ректор Исламского института Таджикистана имени Имама Азама Ахтамзода Абдуалим Ахтам.
В ходе мероприятия с содержательными докладами выступили заместитель директора предприятия и ректор института. В своих выступлениях они отметили, что Национальное единство является величайшим достижением независимого Таджикистана, прочной основой мира, стабильности и устойчивого развития государства. Особое внимание было уделено самоотверженному и неустанному труду Основателя мира и национального единства — Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона, благодаря дальновидной политике которого в стране были обеспечены мир, согласие и созданы условия для всестороннего развития государства.
Национальное единство — это не только историческое достижение, но и священная ценность, которую каждый гражданин обязан беречь, укреплять и передавать будущим поколениям. Только в атмосфере единства, взаимного уважения и созидательного труда возможно дальнейшее процветание нашей Родины и благополучие народа.
