ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

August 2026
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31  

Бахшида ба қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” (2027-2036) бо ташаббуси садорати факултети филологияи Шарқи ДИТ мизи мудаввар баргузор гардид

Бахшида ба эълон гардидани қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” (2027-2036) бо ташаббуси садорати факултети филологияи Шарқи ДИТ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар кори он декани факултети филологияи Шарқ, н.и.ф. Холов А.С., сардори шуъбаи илм Ширинов Х.Ч., мудири кафедраи забонҳо, н.и.ф. Саидзода В., мудири кафедраи таъриху диншиносӣ, н.и.ф. Раҳматова З., мудири кафедраи забон ва адабиёти араб Аминов М., мудири бахши ҷавонон Раҳмонов Р., мутахассиси шуъбаи кадрҳо Иззатов Н. суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлати мо дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Он бешак аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.