ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

July 2026
M T W T F S S
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Дар собиқ бинои Донишкадаи исломии Тоҷикистон (бинои кӯҳна) шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид

Имрӯз 04. 07. 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар робита ба эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар бинои собиқ Донишкада шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ободонӣ Роҳбарият ва кормандони Донишкада фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтон, дохил ва атрофи онро тоза намуда, ҷиҳати бехатарӣ, тозаю озода нигоҳ доштани саҳни ҳавлӣ алафҳоро низ дарав карданд.