ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

July 2026
M T W T F S S
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» Конференсияии ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа» баргузор гардид

Санаи 03.07.2026 дар Донишкада бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» Конференсияии ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Хатари сиёсисозии дини ислом ба амнияту суботи давлат ва ҷомеа» баргузор гардид.
Дар кори Конференсия директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайазам Қодирзода, Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Аҳтамзода Абдуалим, Ректори ДИТ ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, Зоир Чурахон, сарходими Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктор илмҳои ҳуқуқ, профессор,
Мирзоев Ғафор, сарходими илмии Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, Ҳомидов Абдуҷамол, сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Маҳрамбеков Маҳрамбек, котиби илмии Маркази исломшиносӣ, Давлатзода Фаридҷон Мирзоалӣ, Прокурори раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 2, Қурбонов Давлатбек, саромӯзгори кафедари сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коршиносон, олимон, муҳаққиқон ва ходимони соҳаи дин иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин ҳамоиши илмӣ
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Ислом дин ва давлат сиёсат аст: хатари сиёсисозии дин ба давлати дунявӣ», ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам дар мавзуи “Ислом ва сиёсат: тафовут ва тазодҳо” сӯҳбат намуданд.
Дар ҷараёни Конфронсия таъкид гардид, ки сиёсати Пешвои миллат дар муносибат ба дин ва эътиқод дар партави консепсияи давлати дунявию демократии ҳуқуқбунёд комилан мувофиқи роҳу равиши мазҳаби аҷдодии ҳанафия, ақидаи мотуридия ва андешаи солими бузургони гузаштаи миллат мувофиқ ба орзую омол ва бовару имони мардуми Тоҷикистон дар паҳнои давлати миллии Тоҷикистон таҳия ва амалӣ шуда истодааст.
Инчунин масъалаҳои марбут ба мавзуи зикршуда мавриди таҳлилу баррасии коршиносон қарор гирифтанд.