ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

September 2026
M T W T F S S
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

1 сентябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсили 2026–2027 баргузор гардид

Имрӯз, 1 сентябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсили 2026–2027 баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Сулаймон Пирхон иштирок намуда, аҳли Донишкада — устодону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуд.
Нахуст, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам меҳмони олиқадрро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, ҳузури ӯро дар ин боргоҳи илму маърифат нишонаи таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос арзёбӣ кард.
Сипас, Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода Сулаймон Пирхон суханронӣ намуда, аҳамияти Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро таъкид кард. Зимни суханронӣ ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои соҳибкасб, рушди маърифати ҷавонон ва нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки дар шароити сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва рушди иқтидори илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамзамон, аз аҳамияти дониш, маърифат ва тарбияи насли ҷавони худшиносу ватандӯст ёдовар шуда, таъкид гардид, ки ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода намуда, барои аз худ кардани донишҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии технологияҳои муосир пайваста талош варзанд.
Дар идомаи чорабинӣ ба нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкидҳои созанда ва ҳидоятҳои ироагардида барои кормандону омӯзгорони Донишкада ҳамчун роҳнамои фаъолияти минбаъда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, таҳкими корҳои тарбиявӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб хизмат хоҳанд кард.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки оғози соли нави таҳсил бояд барои ҳар як омӯзгор ва донишҷӯ марҳилаи нави донишандӯзӣ, такмили маърифат, худшиносии миллӣ ва талош барои ба даст овардани дастовардҳои нав бошад.
Чорабинии тантанавӣ дар фазои идона ва бо эҳсоси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ баргузор гардида, кормандону омӯзгорони Донишкада соли нави таҳсили 2026–2027-ро бо ниятҳои нек, рӯҳияи созанда ва азму иродаи қавӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои нав оғоз намуданд.