ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

September 2026
M T W T F S S
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Санаи 31 августи соли 2026 кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар толори калони муассиса пахши мустақими мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маориф ба муносибати «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ» дастаҷамъона тамошо намуданд

Санаи 31 августи соли 2026 кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар толори калони муассиса пахши мустақими мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маориф ба муносибати «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ» дастаҷамъона тамошо намуданд.
Мулоқоти мазкур пас аз ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 баргузор гардида, дар ҷараёни он масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ва самтҳои афзалиятноки рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омодасозии кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, нақши омӯзгор дар тарбияи насли наврас ва дигар масъалаҳои муҳимми соҳа андешаронӣ намуда, ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас ва ҳидоятҳои созанда доданд.
Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон суханони созанда, дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро бо таваҷҷуҳи хоса пазируфтанд. Зимни тамошои пахши мустақим иштирокдорон аҳаммияти таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони соҳибмаърифатро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ин замина, оғози соли нави таҳсил барои омӯзгорону донишҷӯёни муассиса ҳамчун марҳилаи нави донишандӯзӣ, такмили маърифат, худшиносии миллӣ ва талош барои ба даст овардани дастовардҳои бештар пазируфта шуд.
Чорабинии мазкур дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои сулҳу ваҳдат баргузор гардида, барои баланд бардоштани масъулияти омӯзгорону донишҷӯён дар самти донишомӯзӣ, таълиму тарбия ва фаъолияти созанда заминаи мусоид фароҳам овард.