Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо камоли эҳтиром ва сипоси самимӣ ба Шумо — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои сарфароз гардонидан бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — медали «Хизмати шоиста» изҳори сипос ва миннатдории амиқи худро баён менамоям.
Қадрдонӣ бо чунин мукофоти олии давлатӣ барои ман на танҳо мояи ифтихору сарфарозӣ, балки нишонаи баланди эътимод ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ба фаъолияти аҳли илму маориф, олимону омӯзгорон ва кормандони соҳаи дин маҳсуб меёбад. Ин қадршиносии баланд масъулияти моро дар назди Ватан, миллат ва насли ҷавон боз ҳам бештар намуда, водор месозад, ки дар иҷрои рисолати касбӣ бо ҳисси баланди масъулият, садоқат ба Ватан ва арзишҳои давлатдории миллӣ фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшем.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Шумо барои рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва маърифати динӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Таваҷҷуҳи пайвастаи Шумо ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа заминаи устувори пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Махсусан, дар шароити имрӯза, ки тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, таҳаммулпазирӣ, маърифати солими динӣ ва арзишҳои умумибашарӣ аҳаммияти рӯзафзун пайдо менамояд, дастгирии давлатии соҳаи таҳсилоти динӣ ва фаъолияти муассисаҳои таълимии он аҳаммияти хосса дорад. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва ба арзишҳои миллӣ содиқ яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимии соҳаи дин ба ҳисоб меравад.
Ман ин мукофоти давлатиро ҳамчун арҷгузорӣ ба меҳнати дастаҷамъонаи устодону омӯзгорон, кормандон ва аҳли илму маорифи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит қабул менамоям. Зеро ҳар як дастоварди муассисаи таълимӣ пеш аз ҳама натиҷаи заҳмати содиқона, фаъолияти самаранок ва саҳми арзандаи омӯзгорон, кормандон ва дониҳҷӯёни он мебошад.
Ин қадрдонии давлатӣ моро водор месозад, ки дар фаъолияти минбаъда ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат, таҳкими маърифати динӣ, пешгирии хурофоту таассуб ва ташаккули ҷаҳонбинии солими ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Ҳамзамон, мо вазифадорем, ки дар заминаи арзишҳои миллӣ ва таълимоти созандаи дини мубини Ислом барои тарбияи шахсиятҳои масъулиятшинос, ватандӯст, донишманд ва содиқ ба арзишҳои давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Муҳтарам Пешвои миллат!
Боиси сарфарозист, ки сиёсати сулҳҷӯёна, созанда ва дурбинонаи Шумо ҳамчун заминаи муҳими таҳкими суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намуда, имрӯз кишвари азизи мо дар фазои сулҳу оромӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон мегузорад.
Дар арафаи таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мукофоти давлатӣ барои ман аҳаммияти хосса дорад. Зеро Истиқлол барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон рамзи соҳибдавлатӣ, озодӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти бузург дар назди наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Мо бояд дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳифз намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Бори дигар ба Шумо, муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ин қадршиносии баланд, эътимод ва таваҷҷуҳи пайваста ба фаъолияти аҳли илму маориф ва кормандони соҳаи дин самимона сипосу миннатдории амиқ баён менамоям.
Итминон дорам, ки ин қадрдонии давлатӣ барои ман ва ҳамкоронам неруи тоза бахшида, моро ба фаъолияти боз ҳам самараноктар, масъулиятшиносӣ ва хизмат ба халқу Ватан дар роҳи рушди илму маориф, таҳкими маърифати ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳидоят хоҳад кард. Мо минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки дар доираи вазифаҳои касбӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои рушди соҳаи маориф, тарбияи насли ҷавони соҳибмаърифат ва ватандӯст, таҳкими фазои сулҳу субот ва мусоидат ба пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузорем.
Ҷовидон бод Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Пойдор бод сулҳу ваҳдати миллӣ!
Обод ва сарбаланд бод Тоҷикистони соҳибистиқлол!
Бо эҳтироми самимӣ ва сипоси амиқ,
Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам,
Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон
ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит