ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

September 2026
M T W T F S S
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз 3 сентябри соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар заминаи таҳкими худшиносии миллӣ ва устувории Истиқлолият» бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарият, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуданд.
Зимни конференсия масъалаҳои марбут ба нақши Пешвои миллат дар рушди сиёсати хориҷии кишвар, аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ дар пешрафти Тоҷикистон, инчунин ҳифзу таҳкими арзишҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар бахши маърӯзаҳо ректори Донишкада Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода М., муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалилзода К.А., мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, н.и.т. Шарипов А.Н., муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ. ва мудири кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, н.и.ф. Файзуллоев Ғ. суханронӣ намуданд.
Конференсия дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон аҳамияти муҳим дошта, бо муҳокимаи масъалаҳои марбут ба рушди давлатдории миллӣ ҷамъбаст гардид.