ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Шанбегӣ бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз 05. 09. 2026 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар робита ба эълон гардидани Соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», инчунин ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар Донишкада ва масҷиди Ҷомеъи ба номи Имоми Аъзам шанбигии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин чорабинии ободонӣ Роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни Донишкада фаъолона иштирок намуда, бехи дарахтон, гулҳо, даруни ҷуйборҳои обгузар, дохил ва атрофи бинои Донишкада ва Масҷиди ҷомеъро тозаву озода намуданд.