ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

September 2026
M T W T F S S
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бахшида ба Рӯзи китоб семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Китоб – ганҷи маънавии миллат» баргузор гардид

Санаи 4 сентябри соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бахшида ба Рӯзи китоб ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Китоб – ганҷи маънавии миллат» баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини ректор оид ба таълим, д.и.т. Қурбонов Б.Р., муовини ректор оид ба илм, н.и.ф. Сафаров Л., сардори шуъбаи илм Ширинов Х. ва омӯзгори кафедраи таърих ва диншиносӣ Роҳатов Ғ. иштирок намуда, вобаста ба аҳамияти китобу китобхонӣ, нақши китоб дар рушди маънавию зеҳнии ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва мақоми китоб дар таҳкими худшиносии миллӣ суханронӣ намуданд.
Дар рафти семинар таъкид гардид, ки китоб ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш ва маърифат дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, нақши муҳим дошта, рушди фарҳанги китобхонӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми семинар иштирокчиён вобаста ба мавзуи баррасишуда андешаронӣ намуда, зарурати бештар ҷалб намудани ҷавонон ба мутолиаи китоб ва истифодаи самараноки захираҳои китобхониро таъкид карданд.
Семинар дар фазои созанда ва бо иштироки фаъолонаи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.