Ҳайати кормандон ва омӯзгорони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Шуморо ба муносибати сарфароз гардидан бо «Медали фахрӣ» ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод менамоянд.
Ин қадрдонӣ нишони хизматҳои шоиста ва саҳми арзандаи Шумо дар рушди Донишкада мебошад. Ба Шумо саломатии бардавом, неруи тоза ва дар фаъолияти минбаъда комёбиҳои бештар орзумандем.
Қадрдонии Шумо мояи ифтихори тамоми аҳли Донишкада аст!