ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

September 2026
M T W T F S S
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни курсҳои якуми факултети филологияи Шарқ

14-уми сентябри соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа вохӯрии масъулини бахши тарбия бо донишҷӯёни курсҳои якуми факултети филологияи Шарқ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ., декани факултети филологияи Шарқ, номзади илмҳои филологӣ Холов А., сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р. ва ҷонишини декан оид ба тарбия Розиқов Ш. иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба риояи уҳдадориҳои донишҷӯён дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, риояи интизоми дохилии Донишкада, сари вақт ва мунтазам иштирок намудан дар дарсҳо, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ ва маърифати ҳуқуқии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва гурӯҳҳои дорои хусусияти террористӣ, зарурати ҳушёриву зиракии сиёсӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои донишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ таъкид карда шуд. Ҳамчунин, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи Донишкада барои рушди дониш, малака ва ҷаҳонбинии худ самаранок истифода намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ масъулин донишҷӯёнро ба донишандӯзӣ, риояи интизоми таълимӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятии Донишкада ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа ҳидоят намуданд.