ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

September 2026
M T W T F S S
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930  

Боздиди сафири Ҷумҳурии Туркманистон аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Санаи 15.09.2026 ҳайати Ҷумҳурии Туркманистон таҳти роҳбарии Сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит боздид ба амал овард.
Дар рафти боздид меҳмонон аз Осорхонаи Донишкада дидан намуда, бо таърихи таъсису фаъолияти муассиса, мероси таърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои он шинос шуданд. Ҳамчунин, ҳайати меҳмонон аз сохтору мавзеъҳои таълимии Донишкада боздид намуда, бо раванди таълим, фаъолияти илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин шароити фароҳамовардашуда барои донишҷӯён шинос гардиданд.
Боздиди мазкур дар заминаи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва таълимӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон муҳим арзёбӣ гардида, барои густариши робитаҳои судманд мусоидат хоҳад кард.