ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Шанбегӣ дар самти ободонӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ

26 сентябри соли 2026 дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва Масҷиди ҷомеъ ба номи Имоми Аъзам шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар он роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни Донишкада фаъолона иштирок намуда, ҳудуди Донишкада ва Масҷиди ҷомеъро тозаю озода ва ободу зебо гардониданд. Аз ҷумла, бехи дарахтон ва гулҳо нарм ва аз алафҳои бегона тоза карда шуда, гирду атрофи биноҳо ба тартиб дароварда шуд.
Шанбегӣ дар самти ободонӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ саҳми муҳим гузошт.