ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Баргузории маҳфили «Файласуфи ҷавон» - 2026

24 сентябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа бо ташаббуси қисми тарбия ва кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ маҳфили «Файласуфи ҷавон» таҳти унвони «Истиқлол гавҳари ноёб ва неъмати бебаҳост» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ., сардори шуъбаи илм Ширинов Х.Ч., мудири кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ, н.и.ф. Файзуллоев Ғ., омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада иштирок намуданд.
Зимни маҳфил масъалаҳои марбут ба аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушди илму маориф, таҳкими давлатдорӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзу таҳкими истиқлолияти миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси улуми исломӣ Рустамов М., Файзуллозода У., Саидов С. ва Ҳайдарзода У. бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, мавзӯъҳои «Истиқлол неъмати бузург барои мардуми тоҷик», «Рушди илму маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ», «Ҷавонони замони Истиқлол», «Истиқлол неъмати бебаҳост» ва «Дастовардҳои замони Истиқлолият»-ро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.
Маҳфил дар таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои истиқлолият дар байни ҷавонон нақши муҳим гузошт.