ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа бо ташаббуси қисми тарбия, кафедраи Таърих ва диншиносӣ маҳфили илмӣ - назариявии «Муаррихони ҷавон» баргузор гардид

Истиқлолият — дастоварди бузурги миллати тоҷик

23 сентябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа бо ташаббуси қисми тарбия ва кафедраи таърих ва диншиносӣ маҳфили илмӣ-назариявии «Муаррихони ҷавон» баргузор гардид.
Маҳфил ба мавзӯи «Истиқлолият — дастоварди бузурги миллати тоҷик» бахшида шуда, ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Дар кори маҳфил муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х. Қ., сардори шуъбаи илм Ширинов Х. Ч., сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С., мудири кафедраи таърих ва диншиносӣ Раҳматова З. Ҷ., омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, вобаста ба аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории маҳфил масъалаҳои муҳимми марбут ба таърих, дастовардҳои даврони истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, рушди илму маориф ва нақши ҷавонон дар ҳифзу таҳкими истиқлолияти миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси таърих ва диншиносӣ — Мадаминов Акмалҷон, Хоҷамирзода Абубакр ва Неъматов Раҷабалӣ бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд. Аз ҷумла, мавзӯъҳои «Дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф», «Истиқлолият — неъмати ҷовидонӣ» ва «Омилҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда, дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илму маориф, фарҳанг, иқтисод ва дигар самтҳо нақши муҳим дорад. Ҳамчунин зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтироми таъриху фарҳанги ниёгон ва саҳмгузории ҷавонон дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид гардид.
Дар рафти маҳфил иштирокчиён андешаҳои худро оид ба аҳамияти истиқлолияти давлатӣ ва масъулияти ҷавонон дар назди Ватан баён намуда, таъкид карданд, ки ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва арзишҳои истиқлолият вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар маҷмӯъ, баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-назариявӣ барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва таърихии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдории миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Мақсади асосии маҳфил баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон, дарки муҳимияти Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандии донишҷӯён мебошад.
Маҳфили илмӣ-назариявии «Муаррихони ҷавон» дар фазои созанда ва маърифатӣ баргузор гардида, барои густариши ҷаҳонбинии таърихӣ ва илмии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.