ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Сарлавҳапппп

24 сентябри соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва аҳли раёсати Донишкада, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Дар рафти семинар масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, мақоми ӯ дар ташаккул ва рушди адабиёти классикии форсу тоҷик ва нақши осори шоир дар фарҳанги миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни маърӯзаҳо таъкид гардид, ки Рӯдакӣ ҳамчун поягузори адабиёти классикии форсу тоҷик бо ашъори пурмазмун, андешаҳои инсонпарварона ва забони равону ширини худ дар таърихи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Мероси адабии ӯ то имрӯз аҳамияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва маънавии худро нигоҳ доштааст.
Дар фарҷоми семинар таъкид шуд, ки омӯзиш ва тарғиби осори Рӯдакӣ барои арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, рушди маърифати адабӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ аҳамияти муҳим дорад.