ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Мавлоно ва аҳамияти осори ӯ дар фарҳанги ҷаҳон

30 сентябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Мавлоно ва аҳамияти осори ӯ дар фарҳанги ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Конференсия ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он роҳбарияти Донишкада, меҳмонон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабиниро ректори Донишкада, муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфтанд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки ҳамасола 30 сентябр Рӯзи Мавлоно дар саросари кишвар ва берун аз он бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси бузурги адабӣ, маънавӣ ва фарҳангии башарият то имрӯз аҳамияти хешро нигоҳ доштааст.
Дар идомаи конференсия маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд.
Файзуллозода Эркин Фатҳулло, номзади илмҳои химия, дотсенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ, дар мавзӯи «Мафҳуми кимиё дар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» маърӯза намуд.
Саидзода Вайсиддин, мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи исломии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Маъруфияти ҷаҳонии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ» суханронӣ кард.
Ҳамчунин, Наимова Фарзона, омӯзгори кафедраи забонҳои Донишкада, дар мавзӯи «Нақши инсони комил ва ташаккули фарҳанги миллӣ дар ашъори Мавлоно» маърӯзаи илмӣ пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни конференсия доир ба ҷойгоҳи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ, арзиши маънавии осори ӯ ва аҳамияти омӯзиши мероси гаронбаҳои ин мутафаккири бузург андешаронӣ сурат гирифт.
Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ донишҷӯёни Донишкада аз ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шеърҳо қироат намуда, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Конференсия дар рӯҳияи эҳтиром ба мероси адабӣ-маънавии ниёгон ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии миллӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати илмӣ ва фарҳангии донишҷӯён аҳамияти муҳим дошт.