ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзуъи "Истифодаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва самтҳои рушди ояндаи он"

1 октябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истифодаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва самтҳои рушди ояндаи он» баргузор гардид.
Конференсия ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардида, дар он роҳбарияти Донишкада, намояндагони сохторҳои давлатӣ, коршиносону муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Конференсияро ректори Донишкада, муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфтанд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ зеҳни сунъӣ ба яке аз самтҳои калидии пешрафти илму техника ва иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар баробари имкониятҳои васеи истифодаи технологияҳои нав, масъалаҳои рушди масъулиятнок, таъмини бехатарӣ, ҳифзи маълумот ва эътимод ба низомҳои зеҳни сунъӣ низ аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунанд.
Дар ин замина, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ оид ба истифодаи бехатар ва боэътимоди зеҳни сунъӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар конференсия масъалаи қатъномаи марбут ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод ва аҳаммияти ташаббуси Тоҷикистон дар самти тақвияти ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Дар идомаи конференсия як қатор маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод шуданд.
Аз ҷумла, раиси Маркази исломии Тоҷикистон Абдуқодирзода Саидмукаррам, сармутахассиси шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамзода Суҳроб Рустам, мудири бахши таҳсилоти Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Файзигул, Файзализода Баҳрулло Файзалӣ, директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Холов Аълохуҷа, декани факултети филологияи Шарқи ДИТ, Наҷотзода Ҷамшед Нарзулло, омӯзгори кафедраи улуми қуръонӣ ва дигар коршиносону муҳаққиқон дар мавзуҳои мубрами марбут ба технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ суханронӣ намуданд.
Дар маърӯзаҳо, аз ҷумла, масъалаҳои зерин мавриди таҳлил қарор гирифтанд:
«Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод: ташаббуси Тоҷикистон ва аҳаммияти ҷаҳонии он», “Самтҳои асосии рушди зеҳни сунъӣ ва дурнамои истифодаи он дар соҳаи ҳифзи табиат”, “Тамоюлҳои муосири рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ”, “Аҳаммияти истифодаи зеҳни сунъӣ дар раванди таълим”, “Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор” ва “Моделҳо ва усулҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар таҳаввулоти рақамии энергетика, сохтмон, мошинсозӣ, нақлиёт, иқтисодиёт ва амнияти иттилоотӣ.
Ҳамчунин, дар ҷараёни конференсия оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ табодули афкор сурат гирифта, аҳаммияти баланд бардоштани сатҳи маърифати рақамӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъкид гардид.
Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, имкониятҳои истифодаи он дар соҳаҳои гуногун ва аҳаммияти татбиқи масъулиятноки технологияҳои муосир мубодилаи афкор намуданд.