ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Шанбегии дастаҷамъона дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон

10 октябри соли 2026 дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа ва Масҷиди ҷомеъ ба номи Имоми Аъзам шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар шанбегӣ роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни Донишкада фаъолона иштирок намуда, дар корҳои ободонӣ ва тозагиву озодагӣ саҳми худро гузоштанд.
Зимни корҳои созандагӣ ҳудуди Донишкада ва Масҷиди ҷомеъ тоза карда шуда, бехи дарахтон нарм ва аз алафҳои бегона пок гардонида шуданд. Ҳамчунин барои ободу зебо нигоҳ доштани муҳити атроф корҳои зарурӣ анҷом дода шуданд.
Чунин иқдомҳо дар самти ободонӣ, ҳифзи муҳити зист, тозагии муҳити таълимӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ аҳамияти муҳим дошта, барои боз ҳам зебо ва обод гардидани муҳити Донишкада мусоидат менамоянд.