ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Забон ва омӯзгор - Сарчашмаи маърифату худшиносӣ

5-уми октябри соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забон ва омӯзгор — сарчашмаи маърифату худшиносӣ» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи омӯзгор ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарияти Донишкада, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам ифтитоҳ намуда, оид ба ҷойгоҳи забони давлатӣ ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа андешаронӣ намуданд.
Дар идомаи конференсия муовини ректор оид ба тарбия Матинов Холиддин дар мавзуи «Мақом ва манзалати омӯзгор» ва омӯзгорони Донишкада Саидзода Вайсиддин, Файзуллоев Ғайратулло ва дигарон дар мавзуъҳои марбут ба забони модарӣ ва нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.
Дар фарҷом чорабинӣ бо қироати шеър анҷом ёфт.