Санаи 3 октябри соли 2026 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстӣ — омили таҳкими Истиқлоли давлатӣ», бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Донишкада, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин санаҳои муҳими таърихию иҷтимоӣ самимона табрику муборакбод намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон басо бузург буда, мақому манзалати баланд дорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо ташаббуси Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид.
Дар идомаи ҷамъомад ба як қатор омӯзгорони Донишкада, ки дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳми арзанда гузоштанд, бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон, ба донишҷӯёни фаъоли Донишкада, ки дар Паради ҳарбӣ иштирок намуданд, шаҳодатномаҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён дар васфи Ватан, Истиқлолият ва омӯзгор шеърҳои ватандӯстона қироат намуда, ба ҷамъомад ҳусни тоза бахшиданд.
Истиқлолияти давлатӣ — муқаддастарин арзиши миллӣ ва омӯзгори ватандӯст — тарбиятгари насли созандаву ояндасоз аст!