ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Баргузории хониши сиёсӣ - тарбиявӣ бо донишҷӯёни курсҳои 5 - уми Донишкада

Санаи 15 октябри соли 2026 бо ташаббуси қисми тарбия ва садорати факултетҳо дар Донишкада бо иштироки донишҷӯёни курсҳои 5-уми факултетҳои филологияи Шарқ ва улуми исломӣ хониши сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х. Қ., декани факултети филологияи Шарқ Холов А. С., муовини декан оид ба таълим Шарипов И. С. ва сардори бахши таҷрибаомӯзӣ Абдулқодирзода Н. А. иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими тарбиявӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ бо донишҷӯён суҳбат карданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ, парҳез аз таълимоти динии ғайрирасмӣ ва тамошои наворҳои дорои хусусияти ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд дорои зиракии сиёсӣ, маърифати баланди ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ буда, дар муқобили зуҳуроти номатлуби ҷомеа мавқеи устувор дошта бошанд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, азхудкунии донишҳои назариявӣ, риояи интизоми таълимӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба таҷрибаомӯзии педагогӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки таҷрибаомӯзии педагогӣ дар ташаккули малакаҳои касбӣ ва омодасозии донишҷӯён ба фаъолияти минбаъдаи омӯзгорӣ нақши муҳим дорад.
Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву масъулиятшиносӣ ва омодасозии онҳо ба фаъолияти касбӣ баргузор гардид.