ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Шанбегӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

17-уми октябри соли 2026 дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва Масҷиди ҷомеъ ба номи Имоми Аъзам шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар ин иқдоми ободонӣ роҳбарият, кормандон ва донишҷӯёни Донишкада фаъолона иштирок намуда, дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассиса ва ободонии гирду атроф саҳми арзанда гузоштанд.
Дар рафти шанбегӣ ҳудуди Донишкада ва Масҷиди ҷомеъ аз партовҳо ва баргҳои хазоншуда тоза гардида, бехи дарахтон нарм карда шуд. Ҳамзамон, роҳравҳо ва майдончаҳои атроф ба тартиб дароварда шуда, ҷиҳати нигоҳдории тозагӣ ва зебоии муҳити муассиса корҳои зарурии ободонӣ анҷом дода шуданд.
Баргузории чунин иқдомҳои дастаҷамъона ба беҳтар гардидани вазъи санитариву экологии муҳити таълимӣ, таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахти кишвар мусоидат менамояд.