ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ бахшида ба "Мероси илмӣ ва маънавии Имоми Аъзам"

Имрӯз 20 октябри соли 2026, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи мероси илмӣ ва маънавии Имоми Аъзам дар сиёсати фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид.
Дар конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, олимону муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш як қатор олимону муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд. Аз ҷумла, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар мавзуи «Хирад, эътиқод ва тамаддун: фалсафаи мазҳаби ҳанафӣ ва рисолати Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии он» суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дар мавзуи «Пешвои миллат эҳёгари мазҳаби аҷдодӣ», ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абдуалим Аҳтамзода дар мавзуи «Арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ ва суботи минтақавӣ: таҳлили таърихии ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва муаррифии мероси Имоми Аъзам» ва муовини директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ Хуршед Зиёӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати динӣ тавассути мазҳаби ҳанафия» маърӯзаҳои илмии худро пешниҳод карданд.
Зимни баррасии мавзуъҳои конференсия аҳаммияти мероси гаронбаҳои илмӣ ва маънавии Имоми Аъзам, нақши мазҳаби ҳанафӣ дар ташаккули фарҳанги миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои таърихию маънавии халқи тоҷик мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар омӯзишу тарғиби мероси ниёгон, баланд бардоштани маърифати динӣ ва фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи таърихи миллат аҳаммияти муҳим дорад.