ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ ДАР ДОНИШКАДА

19-уми октябри соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо ташаббуси кафедраи улуми Қуръон ва ҳадис мизи мудаввар дар мавзуи пешгирии нашъамандӣ ва роҳҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ., декани факултети филологияи Шарқ н.и.ф.Холов А., мудири кафедраи улуми Қуръон ва ҳадис, н.и.ф. Абдусаломзода А. ва омӯзгори кафедраи мазкур Наҷотов Ҷ. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирии нашъамандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию ахлоқии ҷавонон ва таҳкими масъулияти ҷомеа дар мубориза бо ин падидаи номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, иштирокчиён дар мавзуъҳои «Пешгирии нашъамандӣ – масъулияти ҷомеа» ва «Пешгирии нашъамандӣ аз нигоҳи ислом» андешаронӣ намуда, нақши арзишҳои ахлоқию маънавиро дар пешгирии нашъамандӣ ва тарбияи насли солиму созанда муҳим арзёбӣ карданд.