ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

October 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Вохӯрии судманд бо сардорони гуруҳҳои таълимӣ дар Донишкада

21-уми октябри соли 2026 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо ташаббуси қисми тарбия ва бахши кор бо ҷавонон, тибқи нақшаи чорабиниҳо, вохӯрии судманд бо сардорони гурӯҳҳои таълимӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ., сардори бахши кор бо ҷавонон Раҳмонов Р.С., муовини декан оид ба тарбияи факултети улуми исломӣ Давлатов М., муовини декан оид ба тарбияи факултети филологияи Шарқ Розиқов Ш. ва сардорони гурӯҳҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқию ахлоқӣ, риояи интизоми таълимӣ, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ ва тарбияи ватандӯстии донишҷӯён арзёбӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба риояи интизоми таълимӣ, иштироки мунтазам дар машғулиятҳо, баланд бардоштани сифати таҳсил, риояи одоби муошират, қоидаҳои тартиботи дохилии Донишкада, фарҳанги либоспӯшӣ ва истифодаи самараноки вақти холии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди истеъмоли маводи нашъаовар, инчунин истифодаи мақсаднок ва бехатари шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби донишҷӯён ба чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва варзишӣ, риояи тозагӣ ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани масъулияти сардорони гурӯҳҳои таълимӣ, таҳкими ҳамкории онҳо бо сохторҳои дахлдори Донишкада ва таъмини иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ҳаёти таълимию ҷамъиятӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Вохӯрии мазкур дар самти таҳкими низоми корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани масъулияти сардорони гурӯҳҳои таълимӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия дар Донишкада қадами муҳим арзёбӣ мегардад.