ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» баргузор гардид

29-уми октябри соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон» баргузор гардид.
Дар конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ, коршиносону мутахассисони соҳа ва кормандону донишҷӯёни Донишкада иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конференсия ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, низ дар мавзуи «Аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусиятҳои он» суханронӣ намуда, оид ба аҳаммияти Конститутсия дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими асосҳои ҳуқуқбунёди давлат андешаронӣ кард.