ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Бо ибтикори кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Донишкадаи исломии Тоҷикистон озмуни илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид

Санаи 30.10.2026 бо ибтикори кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Донишкадаи исломии Тоҷикистон озмуни илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тақвияти донишҳои конститутсионӣ, ташаккули ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва шинохти арзишҳои давлатдории миллӣ дар байни донишҷӯён буд.
Дар ҷараёни озмун иштирокчиён донишу ҷаҳонбинии худро вобаста ба таърихи қабули Конститутсия, сохтори конститутсионии давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёд муаррифӣ намуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ дар баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, рушди тафаккури шаҳрвандӣ ва тарбияи насли донишманду масъулиятшинос саҳми арзишманд мегузорад.
Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқии давлат, балки заминаи устувори ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, суботи ҷомеа ва рушди давлатдории миллӣ мебошад.